Дар чанд ҷумла
Генерал Назарзодаро аз Бадахшон ба Хатлон "кӯчондаанд"

Генерал Шариф Назарзода аз мақоми сардори Раёсати корҳои дохилии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон барканор ва дарҳол сардори идораи пулиси Хатлон таъйин шудааст.
Дар давраи кори Назарзода, ВМКБ шоҳиди эътирози сокинон ва саркӯби, ба қавли созмонҳои байнулмилалӣ, бераҳмона буд.
Дафтари матбуоти Раёсати корҳои дохилии Хатлон хабар дод, ки Шариф Назарзода рӯзи 30-юми январ ба ҳайси сардори нави пулис дар вилоят муаррифӣ шуд.
Моҳи январи имсол роҳбарони аксар ниҳодҳои қудратиро дар Хатлон аз кор ронданд.
Шариф Назарзода 58 сол дошта, дар гузашта дар мансабҳои муовини вазири корҳои дохилӣ, сардори Раёсати корҳои дохилӣ дар Суғд ва Душанбе кор кардааст.
Моҳи феврали соли 2022 сардори Раёсати корҳои дохилӣ дар вилояти Бадахшон таъйин гардид. Баъд аз се моҳи рафтанаш ба вилоят, сокинон бо талаби таҳқиқи куштори сокини Роштқалъа Гулбиддин Зиёбеков эътироз карданд.
Мақомот дар пайи он аз гузарондани "амалиёт"-и, ба гуфтаашон, "зиддитеррористӣ" дар минтақа хабар доданд. Дар натиҷа, ба иттилои расмӣ, 29 кас кушта ва даҳҳо нафари дигар боздошт ва ба солҳои тӯлонии зиндон маҳкум шуданд.
Ҷустуҷӯи Радиои Озодӣ ошкор кард, ки камаш 34 нафар ҷон бохтаанд.
Созмонҳои ҳомии ҳуқуқ давоми қариб ду соли охир борҳо ҳукумати Тоҷикистонро барои саркӯби бераҳмонаи эътирозгарон дар ВМКБ танқид карда, талаб намуданд, ки омилони ин ҳодиса ҷазо гиранд. Талабҳое, ки аз сӯи ҳукумати Тоҷикистон нодида гирифта шуд.
Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед
Қонуни нав дар Русия. Киҳоро аз шаҳрвандӣ маҳрум мекунанд?

Владимир Путин, президенти Русия, қонунеро имзо кард, ки асос ва баҳонаҳоро барои маҳрум кардани хориҷиён ва бахусус муҳоҷирон аз ҳаққи шаҳрвандии ин кишвар зиёдтар месозад.
Бар асоси ин қонун, ки рӯзи 31-уми июл ба имзо расид, агар як хориҷӣ шаҳрвандии Русияро гирифта бошад ва ҷинояти сахте содир кунад, шиносномаашро аз дасташ мегиранд ва аз ҳаққи шаҳрвандӣ маҳрум мекунанд.
Асосҳои нав барои маҳрумсозӣ ҷиноятҳои сахт, ба мисли қатл, таҷовузи гурӯҳӣ, таҷовуз бо бераҳмии хос буда метавонанд.
Як асосе, ки метавонад, ҳар каси дигареро аз ҳаққи шаҳрвандии Русия маҳрум созад, ифротгароӣ ва дуруст шуморидани терроризм аст.
Солҳои охир теъдоди зиёде аз шаҳрвандони Тоҷикистонро дар Русия бахусус бо иттиҳоми ифротгароӣ ба зиндон маҳкум кардаанд. Чанде аз раҳбарони ҷамъиятҳои тоҷиконро бе ягон гуноҳ ва гоҳе бо дархости ҳукумати Тоҷикистон аз шаҳрвандии Русия маҳрум карда ба Душанбе супурдаанд.
Ҳамчунин агар касе, ки бо кӯдаки то 12-сола иртиботи ҷинсӣ дошт ё кӯдакону наврасонро ба танфурӯшиву иртиботи ҷинсӣ маҷбур месозад, ё маводи порнографӣ бо ҳузури кӯдаконро омодаву нашр мекунад, аз ҳаққи шаҳрвандии Русия маҳрум карда мешавад.
Ҷиноятҳои дигаре ба мисли таҳдид ба амнияти миллӣ ва ҳамкорӣ бо кишварҳои душмани Русия ҳам метавонанд, асос барои бозпас гирифтани шиносномаи русӣ аз як муҳоҷир шаванд.
Шумори шаҳрвандони Русия аз ҳисоби шаҳрвандони Тоҷикистон даҳҳо ҳазор нафарро ташкил медиҳад ва танҳо соли 2022 беш аз 170 ҳазор тоҷикистонӣ соҳиби шиносномаи русӣ шудаанд.
Тарҳи қонуни мазкурро рӯзи 16-уми июл Думаи давлатии Русия тасвиб карда буд.
Толибзода сабаби поинравии қурби долларро дар Тоҷикистон гуфт

Қурби сомонӣ, пули миллии Тоҷикистон, дар шаш моҳи аввали имсол дар баробари доллари Амрико 9,4 дарсад боло рафтааст.
Фирдавс Толибзода, раиси Бонки миллӣ, рӯзи якуми август гуфт, бо таваҷҷуҳ ба ин вазъ, ҳоло сокинон долларҳои худро бештар иваз мекунанд.
Рӯзи якуми август дар бонкҳои Тоҷикистон арзиши сад доллари Амрико 945 сомонӣ таъйин шудааст. Чаҳор моҳ пеш сад доллар 1090 сомонӣ арзиш дошт.
Толибзода сабабу омилҳои поинравии қурби долларро чунин шарҳ дод: “Якчанд омил ҳаст. Аз як тараф номуайянӣ, аз тарафи дигар зиёдшавии асъор дар бозори дохилӣ. Вақте як чиз дар бозор зиёд шуд, нархи он поин мешавад. Омили дигар савдо бо кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, алалхусус Русия. Яъне, зиёдшавии тамоюли ҳисоббаробаркунӣ бо Русия бо рубли русӣ ҷой дорад.”
Ба иттилои Бонки миллии Тоҷикистон, ҳоло дар савдои хориҷӣ бо кишварҳои пасошӯравӣ ҳиссаи рубли Русия бештар аз 77 дарсад ва доллар 21 дарсадро ташкил медиҳад. Ин дар ҳолест, ки чаҳор сол пеш чунин нишондод баръакс будааст.
Пас аз оғози ҷанги Русия дар Украина ва таҳримҳои иқтисодии кишварҳои ғарбӣ алайҳи Маскав, Русия бо кишварҳои шарики тиҷоратии худ, аз ҷумла Тоҷикистон муомилотро бо рубл ба роҳ монд.
Ҳукумати Тоҷикистон дар моҳи июни соли 2022 бо қабули як барнома тасмим гирифт, ки воридоти маҳсулоти ниёзи аввал ва баъзе аз ашёи хомро аз хориҷа бо рубли Русия ва юани Чин ба роҳ монда, дар додугирифти байнулмилалӣ то ҳадди мумкин истифодаи долларро камтар кунад.
Баъзе аз роҳгузарон дар Душанбе изҳори нигаронӣ карданд, ки бо вуҷуди поин рафтани қурби доллар дар нархномаҳо дигаргуниеро намебинанд.
Яке аз мусоҳибони мо гуфт, “ҳамеша, ҳангоми боло бурдани нархҳо афзоиши қурби долларо баҳона меоранд, лекин ҳоло арзиши он поин рафтааст, вале нархҳо мисли пеш мондаанд”.
Издивоҷи 30 ҳазор нафар дар шаш моҳ дар Тоҷикистон

Дар ним соли гузашта дар Тоҷикистон бештар аз 30 ҳазор нафар ва ё ба таъбири дигар рӯзона тақрибан 170 ҷуфт бо ҳам ақди никоҳ бастаанд.
Омори мазкур рӯзи 31-уми июл дар нишасти хабарии Кумитаи кор бо занон садо дод.
Масъулони Кумита гуфтанд, ки дар шашмоҳаи аввали имсол теъдоди ақди никоҳҳое, ки расман дар идораҳои давлатӣ сабт шудаанд, 75 маврид бештар аст.
Дар тамоми соли 2024 дар Тоҷикистон зиёда аз 75 ҳазор нафар бо ҳам издивоҷ кардаанд, ки баробар бо аҳолии ноҳияи Темурмалик ва ё Зафаробод аст. Дар он сол дар кишвар рӯзона на камтар аз 200 тӯй ва ҷашни арӯсӣ сурат мегирифтааст.
Тоҷикистон, ки аҳолии ҷавон зиёд дорад, дар Осиёи Марказӣ аз назари издивоҷ ва ҳам афзоиши суръати аҳолӣ дар яке аз мақомҳои аввал аст.
Ҳамзамон бо афзоиши издивоҷ, хушунат ва ё ҷабру зулм бахусус ба занон дар оила зиёд шудааст. Дар соли 2024 ба мақомот бештар аз 3 ҳазору 200 арзу шикоят расидааст ва ба зидди 87 нафар ҳам парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд.
Бино ба таҳлили Омбудсмен ё Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон, “сабабҳои зӯроварӣ дар оила чун солҳои қаблӣ мушкилоти иқтисодӣ, афкори ақибмондаи қадимӣ, никоҳҳои бармаҳал, паст будани маърифати ҳуқуқии занҳо... боқӣ мемонанд.”
"Аҳруми фишор". Вокуниш ба ҳукми Шарофиддин Гадоев дар Русия

Ҷунбиши ислоҳот ва рушди Тоҷикистон, қароргоҳаш дар Амстердам, ҳукми раҳбараш Шарофиддин Гадоевро дар Русия маҳкум кард.
Додгоҳи ноҳияи Басманнии шаҳри Маскав рӯзи 29-уми июл Гадоев, яке аз мухолифони ҳукумати Тоҷикистонро дар ғайбаш ба 8,5 сол зиндон маҳкум намуд. Мақомоти Русия ӯро ба он гунаҳкор карданд, ки дар бораи артиши Русия ва ҷанги ин кишвар алайҳи Украина гуё хабарҳои дурӯғ паҳн кардааст.
Ҷунбиши ислоҳот ва рушд рӯзи 31-уми июл ҳукми Додгоҳи Басманнии шаҳри Маскавро "як аҳруми фишори Русия" донист.
Дар баёния гуфта шудааст, ки "ҳаштуним сол зиндон танҳо як парвандаи сиёсӣ нест, балки як бахши стратегии васеътарест, ки ба даҳшатафканӣ ва хомӯш кардани муқовимати демократӣ равона шудааст ва бо ҳамоҳангии режимҳои Русия ва Тоҷикистон амалӣ мегардад."
Созмон сабаби таъқиби ҷиноиро суҳбатҳои Гадоев дар ҷараёни сафараш ба Украина донистааст, ки "ошкоро таҷовузи Русия алайҳи Украина ва қатли омми аҳолии осоиштаро маҳкум карда буд."
Дар идома дахолати Русия ба кори роҳбари як ҷунбиши сиёсӣ "ғайримантиқӣ ва дур аз меъёрҳои озодии баён" шумурда шудааст: "Мо ин амалро ҳамчун марҳилаи омодагӣ барои ҷисман аз байн бурдани роҳбари ҷунбиш арзёбӣ мекунем."
Ҷунбиш иддао кардааст, ки аз 7 то 11-уми июли имсол "ҳайати хадамоти махсуси Тоҷикистон дар шаҳри Маскав қарор дошт” ва “яке аз мавзуъҳои асосии музокира ҳамоҳангсозии амалиёти нобудсозии Шарофиддин Гадоев дар Аврупо будааст." Бо гузашти як рӯз аз нашри баёния шарҳи мақомоти Тоҷикистон ва Русия дастрас нест.
"Русия солҳои дароз пуштибони сиёсӣ ва амалии диктатураи Тоҷикистон буда, аз интиқоли технологияҳои саркӯбгар то иштирок дар рабудан, шиканҷа ва қатли мухолифони сиёсӣ дасти дароз дорад. Амалиёти муштараки ин ду режим боис ба гусехтагии комили ҷомеаи шаҳрвандӣ, табдили Тоҷикистон ба як давлати тоталитарӣ ва саркӯби ҳар гуна дигарандешӣ гардидааст,” – гуфта шудааст дар баёния.
Мақомоти интизомии Русия дар гузашта баъзе аз мухолифони ҳукумати Тоҷикистонро дастгир карда, барои муҳокима ба Душанбе фиристодаанд. Аз ҷумла, Шарофиддин Гадоев дар соли 2019 ҳангоми сафараш дар Русия боздошт ва ба гуфтаи худаш дар шароити мармуз ба Тоҷикистон фиристода шуд.
Дар давоми ду ҳафтаи талошҳои ҷомеаи байнулмилалӣ, аз ҷумла намояндагиҳои дипломатии Иттиҳоди Аврупову ҳукумати Ҳолланд, Гадоев озод шуд ва ба Аврупо баргашт.
Шарофиддин Гадоеви 40-сола, ки дар Тоҷикистон тиҷорат дошт, соли 2012 ҳамроҳи Умаралӣ Қувватов тарки кишвар карда, сипас "Гурӯҳи 24"-ро созмон доданд. Пас аз кушта шудани Қувватов дар соли 2015 ӯ аз ин гурӯҳ рафт. Ҳоло раҳбарии Ҷунбиши ислоҳот ва рушди Тоҷикистонро ба уҳда дорад ва муқими Ҳолланд аст.
Шумораи қурбониёни ҳамла ба Киев афзудааст

Теъдоди қурбониёни ҳамлаи Русия ба шаҳри Киев ба 28 кас расид.
Хадамоти ҳолатҳои фавқулодаи Украина эълом кард, ки се нафари онҳо аз се то ҳабдаҳсола ҳастанд.
Ҳамла шаби 30 ба 31-уми июл сурат гирифт.
Ба иттилои мақомоти Украина, 159 кас, аз ҷумла 16 кӯдак захмӣ шудаанд.
Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, ин рафтори Русияро "зишт" номид ва ваъда дод, ки алайҳи Маскав таҳримҳои нав ҷорӣ мекунад.
"Ман фикр мекунам, кори онҳо зишт аст," – гуфт Трамп рӯзи 31-уми июл ба хабарнигорон.
Нерӯҳои ҳавоии Украина гуфтанд, ки шаби гузашта 44 дрон ё паҳподи Русияро дар саросари ин кишвар сарнагун карданд.
Вазорати дифои Русия дар навбати худ хабар дод, ки 60 дрони украиниро бар фарози Белгород ва Ростову Краснодар аз байн бурдааст.
Раиси Кумитаи замин табодули заминро бо Қирғизистон шарҳ надод

Раиси Кумитаи давлатии замин дар Тоҷикистон, аз шарҳи табодули қитъаҳои замин бо Қирғизистон худдорӣ кард.
Ориф Хоҷазода рӯзи 1-уми август дар посух ба суоли Радиои Озодӣ гуфт, нишонагузории марз ҳанӯз ҷараён дорад ва то ин раванд тамом нашавад, ҷузъиётро ошкор нахоҳанд кард.
Ӯ дар мавриди он ки роҳи Исфара – Ворух дар ҳудуди кадом кишвар сохта мешавад, низ худдорӣ кард. Танҳо гуфт, “албатта, дар ҷойи нав сохта мешавад”.
Худдории раиси Кумитаи замин дар ҳолест, ки созишномаҳои марбутаи ду кишвар дар ҳама сатҳҳо тасвиб шудаанд ва ҷониби Қирғизистон ҷузъиёти манотиқи табодулшударо ҳанӯз дар рӯзҳои аввали тавофуқ шарҳ дода буд.
Шикоятҳо аз ҷамъоварии пул дар мактабҳо кам шудааст?

Оҷонсии назорат дар соҳаи маориф ва илми Тоҷикистон мегӯяд, дар 6 моҳи соли ҷорӣ танҳо як шикоят аз ҷамъоварии пул дар мактаб дарёфт кардаанд.
Муҳаммадтоир Саидзода, раиси Оҷонсӣ, рӯзи 31-уми июл ҳангоми нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, дар шаш моҳи гузашта вобаста ба ҷамъ кардани пули таъмир дар мактабҳо на аз ҷониби волидайн ва на аз ҷониби афроди дигар ба ин ниҳод мустақиман ягон шикоят ворид нашудааст.
Ба гуфтаи ӯ, танҳо як номаи шикоятӣ аз ноҳияи Айнӣ дарёфт кардаанд, ки як банди он ба ҷамъовариии пули таъмир дар мактабҳо будааст. Раиси ин Оҷонсӣ гуфт, гурӯҳи кории онҳо ба ин ноҳия рафта, шикояти мазкурро мавриди санҷиш қарор додааст, вале вуҷуд доштани ҷамъоварии пул барои таъмир тасдиқи худро наёфтааст.
Дар Тоҷикистон таҳсил дар мактаби миёна ҳатмӣ ва ройгон аст, вале талаб кардани маблағ дар мактабҳо ҳарфи тоза нест. Тақрибан ҳамасола бо оғоз ва анҷоми соли таҳсил ин мавзӯъ доғ мешавад. Ин маблағҳо аксаран бо баҳонаи таъмири мактабҳо аз хонандагон ҷамъоварӣ мешавад.
Ҳарчанд мақомоти маҳаллӣ борҳо ҷамъ кардани пули таъмири мактаб аз волидайнро манъ кардаанд, вале шикоятҳои сокинон аз ин кор ҳамчунон кам намешавад.
Содироти барқи Тоҷикистон ба Афғонистон кам мешавад

Масъулони ширкати "Брешно"-и Афғонистон гуфтаанд, ки Тоҷикистон дар зимистони оянда содироти барқро ба Афғонистон кам мекунад.
Абдулборӣ Умар, мудири масъули ширкат, дар ин бора дар мусоҳиба бо шабакаи Amu.tv хабар додааст. Вай сабабро дар мушкилоти дохилӣ дар таъминоти барқ гуфтааст.
"Мутобиқи маълумоти мавҷуда, дар ин зимистон мо 25 дарсад камтар аз соли гузашта барқ хоҳем гирифт”, -- гуфтааст Абдулборӣ Умар.
Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи ӯ, Тоҷикистон ҳар сол тақрибан 150 мегават барқ ба Афғонистон мерасонад.
Дар ҳамин ҳол, ба иттилои Вазорати энержӣ ва захираҳои оби Тоҷикистон, дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ Тоҷикистон ба Афғонистон 718 миллион киловат соат барқ ба арзиши 312 миллион сомонӣ (тақрибан 33 миллион доллар) содир кардааст. Ин тақрибан 64 дарсади ҳаҷми умумии содироти барқи Тоҷикистонро дар ин давра ташкил медиҳад.
Содироти барқ ба Афғонистон дар доираи созишномае амалӣ мешавад, ки соли 2008 байни ду кишвар баста шудааст. Муҳлати амали ин созишнома 20 сол аст.
Фавти ду муҳоҷири кории тоҷик дар тасодуфе дар Русия

Дар натиҷаи ба обанбор сарозер шудани сабукрави "Шевроле Ланос" дар шаҳри Смоленски Русия ду муҳоҷир аз Тоҷикистон ҷон бохтаанд.
Мақомот ҳувияти фавтидагонро нагуфтанд, аммо дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз онҳо Ибодулло ва Сомон ном бурда шуда, яке 28 ва дигаре 23-сола будаанд.
Сабабҳои рух додани тасодуф маълум нест.
Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Смоленск танҳо гуфтаанд, ки ронандаи 28-сола аз уҳдаи идораи сабукрав баромада натавониста, ба обанбор чаппа шудааст.
Русия макони кору зиндагии садҳо ҳазор тоҷикистонӣ аст. Солона садҳо нафари онҳо дар пайи беморӣ, садама ва ҳодисаҳои дигари нохуш ҷони худро аз даcт медиҳанд.
Ба ҳисоби миёна, соле то ҳазор тобути муҳоҷиронро аз Русия ба Тоҷикистон меоранд.
HRW аз Туркия хост, блогерони туркманро ба кишварашон нафиристад

Созмони Дидбони Ҳуқуқи Башар (Human Rights Watch) бо нашри изҳороте аз мақомоти Туркия хост, ду блогери мухолифи ҳукумати Туркманистон - Алишер Саҳатов ва Абдулло Орусовро ба Ашқобод истирдод накунанд.
Ин созмони ҳомии ҳуқуқ гуфт, блогерони мунаққиди ҳукумати Туркманистон аз 24 июл нопадид шудаанд. Ҳамон рӯз онҳоро аз Маркази ихроҷ аз Туркия озод карданд, вале баъди ин касе дар бораи онҳо хабаре надорад. «Ба ҷони Алишер Саҳатов ва Абдулло Орусов хатари ҷиддӣ таҳдид мекунад, - навиштааст рӯзи 31 июл Рейчел Денбер, муовини бахши Аврупо ва Осиёи Марказӣ дар созмони Human Rights Watch.
Ӯ афзудааст, ки ба блогерон хатари истирдоди махфӣ ба Туркманистон таҳдид мекунад ва мақомоти Туркия бояд нопадид шудани ин афродро билофосила таҳқиқ кунанд ва кафолат бидиҳанд, ки онҳоро ба Туркманистон истирдод намекунанд”.
Созмони Turkmen Helsinki Foundation, мақарраш дар Булғористон, гуфт, ки бори охир Саҳатов шоми 24 июл ба ҳамсараш Гулола Ҳасанова аз дохили маркази ихроҷ аз Туркия занг задааст. Рӯзи 28 июл Ҳасанова дар бораи нопадидшавии шавҳараш ба пулис шикоят кардааст. Ӯ гуфтааст, то рӯзи 28 июл на Саҳатов ва на Орусов сарҳади Туркияро убур накардаанд ва дар ҳеҷ як боздоштгоҳи расмӣ қарор надоранд.
Рӯзи 29 июл додситонии шаҳри Синоп таҳқиқи ҳодисаро ба роҳ мондааст. Ҳомиёни ҳуқуқ тахмин мекунанд, ки блогерон эҳтимолан дар ҷое аз ҷониби маъмурони Туркманистон ва ё бо супориши онҳо ғайриқонунӣ нигаҳдорӣ мешаванд.
Дар ҳамлаи Русия ба Киев 8 нафар кушта шудаанд

Мақомоти Украина мегӯянд, дар натиҷаи ҳамлаҳои артиши Русия ба Киев дар шаби гузашта камаш 8 нафар кушта шудаанд ва бешр аз 80 каси дигар захм бардоштаанд.
Тимур Ткаченко, сардои идораи низомии ҳукумати Киев гуфт, ки дар байни қурбониён як писари 6-сола низ ҳаст. Дар ноҳияи Святошинский даромадгоҳи бинои нӯҳқабата вайрон шудааст ва субҳи панҷшанбе наҷотбахшон аз зери овор як нафарро зинда берун овардаанд. Дар се ноҳияи дигар ҳам хонаҳо осеб дидаанд.
Виталий Кличко, раиси шаҳри Киев гуфт, нерӯҳои Русия бо паҳпод ва мушакҳо ба пойтахти кишвар ҳамла кардаанд. Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина дар Телеграм бо нашри як видеое гуфт, “Мушак дар Киев рост ба бинои истиқоматӣ задааст. Одамон зери овор мондаанд. Ҳамаи ниҳодҳо дар ҷойи маҳал ҳастанд. Русҳои террорист.” Мақомоти Русия ҳамлаҳо ба Киевро ҳанӯз шарҳ надодаанд.
Сироҷиддин Мӯҳриддин бо муовини вазири хориҷии Амрико гуфтугу кардааст

Чанд соат баъд аз мулоқоти раҳбарони Тоҷикистон бо як дипломати баландпояи Эрон дар Душанбе, Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷӣ бо Кристофер Ландау, муовини вазири умури Амрико телефонӣ гуфтугӯ кардааст.
Вазорати корҳои хориҷӣ бо нашри як баёнияи расмӣ гуфт, ки сӯҳбат рӯзи 30-уми июл бо “ташаббуси ҷонибӣ амрикоӣ” сурат гирифт ва “ҳамсуҳбатон сатҳи кунунии муносибатҳои дуҷониба, ба вежа ҳамкориҳои иқтисодӣ, масоили мубрами минтақавӣ ва бисёрҷониба, аз ҷумла ҳамкориҳо дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалиро мавриди баррасӣ қарор доданд.”
Ҷузъиёти дигаре аз гуфтугуҳоро нашр накардаанд, аммо чанд соат пештар аз ин Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ва Сироҷиддини Муҳриддин бо Аббос Ароқчӣ, вазири умури хориҷии Эрон дар Душанбе дидору гуфтугӯ карданд. Бино ба иттилои расмӣ дар мулоқотҳо, ҳамкориҳои дуҷонибаи тиҷоративу иқтисодӣ ва таҳаввулоти байналмилалӣ ва минтақавӣ баррасӣ шудаанд.
Тоҷикистон моҳи июн ҳамлаҳои Исроил ва Амрико ба таъсисоти атомии Эронро маҳкум карда ва аз ҷумла гуфта буд, ки “шиддат гирифтани муноқиша метавонад боиси табдил ёфтани низои кунунӣ ба ҷанги давомдор бо пайомадҳои хатарнок барои кулли минтақа ва ҷаҳон гардад.”
Шумори кушташудагон дар Ғазза аз 60 ҳазор нафар гузашт

Вазорати тандурустии Ғазза, ки таҳти контроли гурӯҳи тундрави "Ҳамос" аст, эълон кард, ки беш аз 60 ҳазор фаластинӣ дар ҷараёни ҷанги Исроил ва "Ҳамос", кушта шудаанд.
Бар асоси ин гузориш, ки рӯзи 29-уми июл нашр шуд, дар ҳамлаҳои шабонаи Исроил ба ин борика, беш аз 24 нафар, асосан занон ва кӯдакон, кушта шуданд.
Дар ҳамлаи "Ҳамос" ба Исроил дар рӯзи 7 октябри соли 2023, 1200 нафар кушта ва беш аз 250 тан ба гарав гирифта шуданд. Аз он замон ба ин тараф дар пайи ҳамлаҳои Исроил, минтақаҳои васеъ аз Ғазза вайрон шуда ва ҳудуди 90 дарсад аз аҳолии он овора шудаанд. Ин ҷанг боиси як бӯҳрони инсонии фоҷеабор шудааст.
Коршинсон рӯзи 29 июл ҳушдор доданд, ки маҳдудиятҳои Исроил ва фурӯпошии амнияти ғизоӣ, ин минтақаро, ки ҳудуди ду миллион фаластиниро дар худ ҷой дода, дар остонаи қаҳтӣ қарор додааст.
Вазорати тандурустии фаластинӣ дар Ғазза, ки бахше аз ҳукумати таҳти назорати "Ҳамос" аст, эълон кард, ки аз замони оғози ҷанг, шумори кушташудаҳо ба 60 ҳазору 36 нафар расид ва 165 ҳазору 870 тани дигар захмӣ шудаанд.
Бар асоси ин гузориш, қурбониён 18 ҳазору 592 кӯдак ва 9 ҳазору 782 зан ҳастанд. Ин афрод тақрибан ниме аз кушташудагонро ташкил медиҳанд.
Созмони Милали Муттаҳид ва дигар коршиносони мустақил, омори ин вазоратхонаро муътабартарин омори талафот медонанд. Исроил оморҳои онро мавриди муноқиша қарор додааст, аммо худ гузорише дар ин замина ироа намекунад.
15 кишвари ғарбӣ эълон карданд, ки Фаластинро ба расмият мешиносанд

15 кишвари ғарбӣ бо роҳбарии Фаронса хостори ба расмият шинохтани кишвари мустақили Фаластин шуданд. Изҳороти ин кишварҳо баъди як конфронси Созмони Милали Муттаҳид дар бораи низои миёни Исроил ва фаластиниҳо пахш шуд.
Зери ин баёния вазирони корҳои хориҷии Фаронса, Финландия, Ирландия, Испания, Портулагия, Люксембург, Словения, Малти, Андора, Сан-Марино, Норвегия, Исландия, Австралия, Канада ва Зеландияи нав имзо шудаанд.
Ин кишварҳо ҳамлаи 7 октябри соли 2023-и "Ҳамос" ба Исроиро маҳкум карда, хостори озодии гаравгонҳои боқимонда шуданд. "Ҳамос" аз сӯи Иттиҳоди Аврупо ва Амрико гурӯҳи террористӣ шинохта шудааст.
Намояндагони 15 кишвари ғарбӣ аз вазъияти бади инсонӣ дар Навори Ғазза нигаронӣ карда, хостори қатъи ҷанг дар ин борика шуданд. Вазирони корҳои хориҷии ин 15 кишвар эълон кардаанд, ки омодаи ба расмият шинохтани кишвари Фаластин ҳастанд ва аз дигарон ҳам даъват кардаанд, ки ба ин раванд бипайванданд.
Ҳафтаи гузашта раиси ҷумҳури Фаронса Эмануэл Макрон, дар авҷи хашми ҷаҳонӣ аз вуқӯи қаҳтӣ дар навори Ғазза, гуфт, Фаронса кишвари Фаластинро ба расмият хоҳад шинохт. Исроил ин тасмими Фаронсаро маҳкум кард.
Нахуствазири Бритониё ҳам рӯзи сешанбеи 29 июл эълон кард, ки агар Исроил дар Ғазза оташбас ҷорӣ накунад, Бритониё моҳи сентябр кишвари Фаластинро ба расмият мешиносад.
Мавқеи Лондон ва дигар кишварҳои ғарбӣ дар масъалаи Фаластин баъд аз он тағйир ёфт, ки вазъити инсонӣ дар Навори Ғазза бадтар шуда, Созмони Милали Муттаҳид аз қаҳтии густурда дар ин минтақа ҳушдор додааст.
"Дахолат намекунем". Посухи вазири меҳнат дар бораи парвандаи "Крокус"

Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия қазияи ҳамла ба "Крокус"-ро пайгирӣ мекунад, "аммо ҳаққи дахолат дар баррасии додгоҳӣ"-ро надорад.
Ин посухи Солеҳа Холмаҳмадзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон буд, ки 30-юми июл дар нишасти хабарӣ дар Душанбе садо дод.
Вазир гуфт, "тафтишот ба анҷом расида, парванда дар баррасии додгоҳ аст ва мо наметавонем дар раванди тафтишот ва баровардани қарори додгоҳ дахолат кунем".
Солеҳа Холмаҳмадзода афзуд, намояндагии вазорат дар Русия асосан ба шаҳрвандони Тоҷикистон дар масъалаҳои шартномаҳои меҳнатӣ, таъмини ҷойи кор, гирифтани ҳаққи кор ва риояи қонунгузории Русия кумак мерасонад.
Мақомоти Русия 19 нафарро ба анҷоми ҳамла ба толори "Крокус" муттаҳам мекунанд ва аксари онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон ҳастанд.
Дар давоми як соли таҳқиқи ин парвандаи пурсарусадо, борҳо аз мақомоти Тоҷикистон интиқод шуд, ки чаро барои ҳимояи шаҳрвандони худ садо баланд накарданд.
Дар ин миён танҳо Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон ё Омбудсмен гуфт, ба дидаву дониста шиканҷа шудани гумонбарон вокуниш карданд ва ин ҳолатро ҳамтои русаш ҳам пазируфтааст.
Дар ҳамлаи террористӣ ба толори консертии "Крокус" дар канори Маскав дар рӯзи 22-уми марти соли 2024 149 нафар нафар кушта ва 609 каси дигар маҷруҳ шуданд.
Гуфтугӯ