Хонаводаи Маҳмурод Одинаев, муовини пешин ва зиндонии раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон мегӯянд, аҳволи ӯ баъди суол пурсидан дар як вохӯрӣ “бадтар шудааст ва аз Маҳмурод қасос мегиранд.”
Яке аз наздикони Одинаев бо шарти зикр нашудани номаш 31-уми июл ба Радиои Озодӣ гуфт, “ҳафтаи гузашта як таърихшинос бо маҳбусон суҳбат кард. Дар вохурӣ муовини сардори Идораи зиндонҳо ҳам будааст. Маҳмурод мепурсад, ки баробарҳуқуқии ҳама маҳбусон кай таъмин мешавад? Ин суол ба масъулини зиндони шаҳри Ваҳдат маъқул нашудааст ва онҳо аз Маҳмурод қасос гирифта истодаанд. Онҳо Маҳмуродро маҷбур мекунанд, ки ҳар саҳар ва бегоҳ дар ҳозиру ғойиб ширкат карда, ба қатори дигар маҳбусон саф кашида, рост истад. Маҳмурод аз ҷояш хеста наметавонад, бо ду асобағал бо азоб роҳ мегардад.”
Талошҳои мо барои гирифтани шарҳи расмӣ дар бораи ин иддаоҳо аз Идораи зиндонҳо бенатиҷа буд. Наздикони Маҳмурод Одинаев мегӯянд, моҳи июл ӯ зиёда аз 20 рӯз дар беморхонаи зиндон буд, “вале аҳволаш то ҳол вазнин аст.”
“Дар беморхонаи зиндон ӯро хуб табобат накарданд, ҳатто мо табиби худамонро бурдем, қабул накарданд. Пешоб азобаш медиҳад, боз бемории сахти сутунмӯҳра ва фишори хун дорад,” - гуфт яке аз пайвандони Одинаев.
Маҳмурод Одинаев қаблан борҳо аз вазъи бадаш дар зиндон шикоят кардааст. Моҳи апрел имсол низ хонаводаи Маҳмурод Одинаев шикоят карданд, ки ӯ базӯр роҳ мегардад. Маҳмурод Одинаев дар моҳи январи соли 2021 бо иттиҳоми "авбошӣ" ва "даъват ба сарнагунии ҳукумат" 14 сол зиндонӣ шуд. Худи ӯ ва наздиконаш иттиҳомро беасос медонанд. Ба гуфтаи наздиконаш, 3 сол аз ҳукми ӯро бар асоси Қонуни афв кам кардаанд.
Ҳоло дархости наздикони Одинаев ин аст, ки бо назардошти бад будани вазъи саломатиаш, ӯро қабл аз муҳлат озод кунанд ё ҳадди ақал барои табобаташ шароит фароҳам оранд. Номи Одинаев дар соли 2012, пас аз марги Ҳамза Икромзода, маҳбусе дар зиндони шаҳри Душанбе, ба расонаҳо роҳ ёфт. Вай он вақт гуфта буд, ки писараш Суннатулло Ризоевро ҳамчун шоҳиди ҳодиса аз Душанбе ба зиндони Хуҷанд интиқол доданд ва ӯ мавриди шиканҷа қарор гирифтааст.
Як муддат ба ҳимоят аз ҳуқуқи писараш ва зиндонёни дигар машғул буд ва сипас ба Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон пайваст ва то мақоми муовини раиси ҳизб расид. Дар интихоботи порлумонии соли 2020 аз рӯйхати ҳизбӣ номзад ба мансаби вакили Маҷлиси намояндагон буд. Одинаев рӯзи 20-уми ноябри соли 2020 ва баъди дархости гирдиҳамоӣ дар маркази пойтахт нопадид шуд. Вайро баъди ду ҳафта дастгир карданд.
Мухолифон боздошт ва ҳукми Маҳмурод Одинаевро тарҳрезишуда номида, бештар ба фаъолиятҳои сиёсӣ ва танқидҳои пайвастааш аз кори ҳукумат рабт медиҳанд. Ӯ дар тирамоҳи соли 2020 ва баъд аз ҷалби маҷбурии писараш ба сафи нерӯҳои мусаллаҳ дар назди комиссариати низомии шаҳри Ҳисор низ эътироз карда буд. Кумитаи наҷоти гаравгонҳо, қароргоҳаш дар Варшава, ӯро яке аз 200 зиндонии сиёсии тоҷик ном бурдааст, ҳарчанд мақомот вуҷуди маҳбусони сиёсӣ дар кишварро инкор мекунанд.