Дар чанд ҷумла
Ҷамолиддин Нуралиев дар мансабаш монд, Лола Салимова барканор шуд

Ҷамолиддин Нуралиев, домоди 43-солаи раиси ҷумҳурии Тоҷикистон ва шавҳари Озода Раҳмон, раиси Дастгоҳи иҷроияи президент, барои панҷ соли дигар муовини аввали раиси Бонки Миллӣ таъйин шуд. Фармони дубора ба ин мақом нишастани ӯ рӯзи 18-уми июн содир гардид.
Нуралиев то омадан ба Бонки Миллӣ чанд сол ба ҳайси муовин ва муовини аввали вазири молия ва раиси Шӯрои нозирони "Агроинвестбонк" кор кардааст.
Мухолифон ҳузури зиёди хешутабори раиси ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмонро дар идораҳои давлатӣ танқид мекунанд. Онҳо мегӯянд, дар мансабгирии наздикони президент робитаи хешутаборӣ нақши муҳим дорад. Чизе, ки мақомот ҳамеша рад кардаанд.
Дар ҳоли ҳозир Рустами Эмомалӣ, писари калонии президенти Тоҷикистон, шаҳрдори Душанбе ва ҳамзамон раиси Маҷлиси Миллӣ, палатаи болоии порлумон ва амалан шахси дувуми ҷумҳурӣ аст. Озода Раҳмон, духтари раиси ҷумҳур, раёсати Дастгоҳи иҷроияи президентро ба уҳда дорад.
Зарина Раҳмон, яке аз духтарони Эмомалӣ Раҳмон, муовини раиси “Ориёнбонк”, духтари дигараш Рухшона Раҳмонова муовини сардори Раёсати созмонҳои байналмилалии Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон ва додарарӯсаш Ҳасан Асадуллозода раиси "Ориёнбонк" мебошанд.
Шамсулло Соҳибов, домоди дигари раиси ҷумҳурӣ, муовини президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон аст. Дар феҳрасти ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқии Кумитаи андоз номи ӯ ба ҳайси муассиси Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи "Фароз" сабт шудааст.
Муовинони раиси Бонки Миллиро барои панҷ сол президент таъйин ва Маҷлиси Намояндагон тасдиқ мекунад. Рӯзи 18-уми июн муовини раиси Бонки Миллӣ Лола Салимова низ баъди ба анҷом расидани ваколати панҷсолааш аз мақом гирифта шуд, вале дар бораи кори нави ӯ хабар дода нашудааст.
Дар ин рӯз дар чанде аз вазорату идораҳои дигари давлатӣ тағйироти кадрӣ сурат гирифт. Бо қарорҳои ҳукумат, Абдуманнон Холиқзода, Шаҳноза Нодирӣ ва Ҳаким Мирсайзод аз вазифаи муовинони вазири адлия озод гардиданд. Нодирӣ муовини вазири меҳнату муҳоҷират ва Холиқзода муовини сардори Хадамоти иҷрои назди ҳукумати Тоҷикистон шуданд. Масъулияти нави Мирсайзод ҳанӯз маълум нест
Нигина Ализодаро ба ҳайси муовини аввал, Асадулло Ҳакимзода ва Шараф Каримзодаро ҳамчун муовинони нави вазири адлия таъин кардаанд.
Зевар Давлатзода низ "бо сабаби ба кори дигар гузаштан" аз вазифаи муовини вазири фарҳанг озод гардида, Манчеҳр Шарифзода ва Қурбоналӣ Абдураҳимзода муовинони вазири фарҳанг таъин шуданд.
Илёс Камолиддинзода аз вазифаи муовини вазири рушди иқтисод ва савдо барканор шуд ва ба ҷояш Рухшона Насриддинзода омад.
Хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон аз ин афрод "мутахассисони ҷавону умедбахш, ки аксарият хатмкардагони муассисаҳои олии таълимии мамлакат ва хориҷӣ буда, ду ва ё зиёда забонҳои хориҷиро дар сатҳи олӣ медонанд" ном бурдааст.
Вале мунтақидон мегӯянд, тағйироти кадрӣ асосан аз ҷойивазкунии кадрҳои куҳна иборат аст, ки аз ин курсӣ ба он курсӣ кӯчиданашон чизеро тағйир намедиҳад.
Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед
Сафари президенти Эрон ба Покистон

Масъуд Пизишкиён, раисҷумҳури Эрон 2 август бо сафари дурӯзаи давлатӣ ба Покистон сафар кард.
Дар ин сафар Масъуд Пизишкиёнро як ҳайати баландпоя, ба шумули вазири корҳои хориҷӣ Аббос Ароқчӣ ва дигар мақомҳои аршади он кишвар ҳамроҳӣ мекунанд.
Интизор меравад, ки дар ин сафар Масъуд Пизишкиён бо раҳбарони сиёсӣ ва низомии Покистон, аз ҷумла, президент Осиф Алӣ Зардорӣ, нахуствазир Шаҳбоз Шариф ва фармондеҳи артиш Осим Мунир, мулоқотҳои ҷиддӣ анҷом диҳад.
Ба иттилои Радиои Покистон, ин сафар бо даъвати нахуствазири он кишвар Шаҳбоз Шариф сурат мегирад.
Ин нахустин сафари Пизишкиён ба Покистон дар мақоми президенти Эрон аст. Қаблан, 26 майи соли ҷорӣ сарвазири Покистон Шаҳбоз Шариф ба Эрон сафар карда буд.
Расонаҳои Эрон навиштанд, Пизишкиён ҳангоми тарки Теҳрон гуфт, ки Исломобод дар ҷанги 12-рӯза, ҳамлаи Исроилро маҳкум намуд ва аз Эрон ҳимоят кард.
Президенти Эрон бо қадрдонӣ аз ин ҳимоят гуфтааст, Теҳрон ва Исломобод талош мекунанд мубодилаи тиҷорӣ бо якдигарро ба 10 миллиард доллар боло баранд.
Вазорат мегӯянд, ки маоши миёна дар Тоҷикистон 24% зиёд шудааст

Маоши миёна дар Тоҷикистон ба 2665 сомонӣ ё қариб 280 доллар расидааст, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 519 сомонӣ ё 24 дарсад бештар аст.
Дар ин бора намояндагони Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ 30-юми дар нишасти хабарӣ иттилоъ доданд.
Тибқи иттилои расмӣ, дастмузди миёнаи кормандони соҳаи маориф 2441 сомонӣ, тандурустӣ 1951 сомонӣ, фарҳанг ва варзиш 2305 сомонӣ ва кормандони давлатӣ 2275 сомонӣ будааст.
Вазорати меҳнат дар ҳоле аз баланд шудани ҳаҷми маош дар кишвар хабар медиҳад, ки интиқоди сокинон аз кам будани дастмузд хеле зиёд садо медиҳад.
Сокинони Тоҷикистон дар миёни кишварҳои собиқ Шӯравӣ маошу нафақаи аз ҳама кам мегиранд. Бисёриҳо дар Тоҷикистон шикоят доранд, ки маошу нафақа ба рӯзгорашон намерасад.
Оғози тамрини муштараки нерӯҳои баҳрии Русия ва Чин

Дар ҳоле, ки Русия ва Чин ба ҳамкориҳои танготанги низомӣ идома медиҳанд, ин ду кишвар тамринҳои муштараки баҳриро дар наздики соҳилҳои шаҳри бандарии Владивосток дар Русия, оғоз карданд.
Тибқи иттилои Нерӯҳои баҳрии Уқёнусии Ороми Русия, ин тамринҳои муштараки низомии панҷрӯза, ки аз 1 август оғоз шуд, "Ҳамкории баҳрӣ-2025" ном дорад.
Дар ин тамринҳо нерӯҳои низомии баҳрии Русия ва Чин дифои ҳавоӣ, амалиёти ҷустуҷӯӣ ва наҷот ва ҷанги зербаҳриро омӯзиш хоҳанд дид.
Дар эъломияи нерӯҳои баҳрии Русия ҳамчунин гуфта шудааст, ки ин тамринҳо бахше аз раванди рӯ ба рушди тақвияти робитаҳои амниятии дуҷониба ва чандҷониба, ба шумор меравад.
Бар асоси гузориши маркази мутолеоти стратегӣ ва байналмилӣ (CSIS) қароргоҳаш дар Вашингтон, аз соли 2003 то кунун, Пекин ва Маскав 113 машқҳои муштараки низомӣ анҷом додаанд.
Қонуни нав дар Русия. Киҳоро аз шаҳрвандӣ маҳрум мекунанд?

Владимир Путин, президенти Русия, қонунеро имзо кард, ки асос ва баҳонаҳоро барои маҳрум кардани хориҷиён ва бахусус муҳоҷирон аз ҳаққи шаҳрвандии ин кишвар зиёдтар месозад.
Бар асоси ин қонун, ки рӯзи 31-уми июл ба имзо расид, агар як хориҷӣ шаҳрвандии Русияро гирифта бошад ва ҷинояти сахте содир кунад, шиносномаашро аз дасташ мегиранд ва аз ҳаққи шаҳрвандӣ маҳрум мекунанд.
Асосҳои нав барои маҳрумсозӣ ҷиноятҳои сахт, ба мисли қатл, таҷовузи гурӯҳӣ, таҷовуз бо бераҳмии хос буда метавонанд.
Як асосе, ки метавонад, ҳар каси дигареро аз ҳаққи шаҳрвандии Русия маҳрум созад, ифротгароӣ ва дуруст шуморидани терроризм аст.
Солҳои охир теъдоди зиёде аз шаҳрвандони Тоҷикистонро дар Русия бахусус бо иттиҳоми ифротгароӣ ба зиндон маҳкум кардаанд. Чанде аз раҳбарони ҷамъиятҳои тоҷиконро бе ягон гуноҳ ва гоҳе бо дархости ҳукумати Тоҷикистон аз шаҳрвандии Русия маҳрум карда ба Душанбе супурдаанд.
Ҳамчунин агар касе, ки бо кӯдаки то 12-сола иртиботи ҷинсӣ дошт ё кӯдакону наврасонро ба танфурӯшиву иртиботи ҷинсӣ маҷбур месозад, ё маводи порнографӣ бо ҳузури кӯдаконро омодаву нашр мекунад, аз ҳаққи шаҳрвандии Русия маҳрум карда мешавад.
Ҷиноятҳои дигаре ба мисли таҳдид ба амнияти миллӣ ва ҳамкорӣ бо кишварҳои душмани Русия ҳам метавонанд, асос барои бозпас гирифтани шиносномаи русӣ аз як муҳоҷир шаванд.
Шумори шаҳрвандони Русия аз ҳисоби шаҳрвандони Тоҷикистон даҳҳо ҳазор нафарро ташкил медиҳад ва танҳо соли 2022 беш аз 170 ҳазор тоҷикистонӣ соҳиби шиносномаи русӣ шудаанд.
Тарҳи қонуни мазкурро рӯзи 16-уми июл Думаи давлатии Русия тасвиб карда буд.
Толибзода сабаби поинравии қурби долларро дар Тоҷикистон гуфт

Қурби сомонӣ, пули миллии Тоҷикистон, дар шаш моҳи аввали имсол дар баробари доллари Амрико 9,4 дарсад боло рафтааст.
Фирдавс Толибзода, раиси Бонки миллӣ, рӯзи якуми август гуфт, бо таваҷҷуҳ ба ин вазъ, ҳоло сокинон долларҳои худро бештар иваз мекунанд.
Рӯзи якуми август дар бонкҳои Тоҷикистон арзиши сад доллари Амрико 945 сомонӣ таъйин шудааст. Чаҳор моҳ пеш сад доллар 1090 сомонӣ арзиш дошт.
Толибзода сабабу омилҳои поинравии қурби долларро чунин шарҳ дод: “Якчанд омил ҳаст. Аз як тараф номуайянӣ, аз тарафи дигар зиёдшавии асъор дар бозори дохилӣ. Вақте як чиз дар бозор зиёд шуд, нархи он поин мешавад. Омили дигар савдо бо кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, алалхусус Русия. Яъне, зиёдшавии тамоюли ҳисоббаробаркунӣ бо Русия бо рубли русӣ ҷой дорад.”
Ба иттилои Бонки миллии Тоҷикистон, ҳоло дар савдои хориҷӣ бо кишварҳои пасошӯравӣ ҳиссаи рубли Русия бештар аз 77 дарсад ва доллар 21 дарсадро ташкил медиҳад. Ин дар ҳолест, ки чаҳор сол пеш чунин нишондод баръакс будааст.
Пас аз оғози ҷанги Русия дар Украина ва таҳримҳои иқтисодии кишварҳои ғарбӣ алайҳи Маскав, Русия бо кишварҳои шарики тиҷоратии худ, аз ҷумла Тоҷикистон муомилотро бо рубл ба роҳ монд.
Ҳукумати Тоҷикистон дар моҳи июни соли 2022 бо қабули як барнома тасмим гирифт, ки воридоти маҳсулоти ниёзи аввал ва баъзе аз ашёи хомро аз хориҷа бо рубли Русия ва юани Чин ба роҳ монда, дар додугирифти байнулмилалӣ то ҳадди мумкин истифодаи долларро камтар кунад.
Баъзе аз роҳгузарон дар Душанбе изҳори нигаронӣ карданд, ки бо вуҷуди поин рафтани қурби доллар дар нархномаҳо дигаргуниеро намебинанд.
Яке аз мусоҳибони мо гуфт, “ҳамеша, ҳангоми боло бурдани нархҳо афзоиши қурби долларо баҳона меоранд, лекин ҳоло арзиши он поин рафтааст, вале нархҳо мисли пеш мондаанд”.
Издивоҷи 30 ҳазор нафар дар шаш моҳ дар Тоҷикистон

Дар ним соли гузашта дар Тоҷикистон бештар аз 30 ҳазор нафар ва ё ба таъбири дигар рӯзона тақрибан 170 ҷуфт бо ҳам ақди никоҳ бастаанд.
Омори мазкур рӯзи 31-уми июл дар нишасти хабарии Кумитаи кор бо занон садо дод.
Масъулони Кумита гуфтанд, ки дар шашмоҳаи аввали имсол теъдоди ақди никоҳҳое, ки расман дар идораҳои давлатӣ сабт шудаанд, 75 маврид бештар аст.
Дар тамоми соли 2024 дар Тоҷикистон зиёда аз 75 ҳазор нафар бо ҳам издивоҷ кардаанд, ки баробар бо аҳолии ноҳияи Темурмалик ва ё Зафаробод аст. Дар он сол дар кишвар рӯзона на камтар аз 200 тӯй ва ҷашни арӯсӣ сурат мегирифтааст.
Тоҷикистон, ки аҳолии ҷавон зиёд дорад, дар Осиёи Марказӣ аз назари издивоҷ ва ҳам афзоиши суръати аҳолӣ дар яке аз мақомҳои аввал аст.
Ҳамзамон бо афзоиши издивоҷ, хушунат ва ё ҷабру зулм бахусус ба занон дар оила зиёд шудааст. Дар соли 2024 ба мақомот бештар аз 3 ҳазору 200 арзу шикоят расидааст ва ба зидди 87 нафар ҳам парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд.
Бино ба таҳлили Омбудсмен ё Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон, “сабабҳои зӯроварӣ дар оила чун солҳои қаблӣ мушкилоти иқтисодӣ, афкори ақибмондаи қадимӣ, никоҳҳои бармаҳал, паст будани маърифати ҳуқуқии занҳо... боқӣ мемонанд.”
"Аҳруми фишор". Вокуниш ба ҳукми Шарофиддин Гадоев дар Русия

Ҷунбиши ислоҳот ва рушди Тоҷикистон, қароргоҳаш дар Амстердам, ҳукми раҳбараш Шарофиддин Гадоевро дар Русия маҳкум кард.
Додгоҳи ноҳияи Басманнии шаҳри Маскав рӯзи 29-уми июл Гадоев, яке аз мухолифони ҳукумати Тоҷикистонро дар ғайбаш ба 8,5 сол зиндон маҳкум намуд. Мақомоти Русия ӯро ба он гунаҳкор карданд, ки дар бораи артиши Русия ва ҷанги ин кишвар алайҳи Украина гуё хабарҳои дурӯғ паҳн кардааст.
Ҷунбиши ислоҳот ва рушд рӯзи 31-уми июл ҳукми Додгоҳи Басманнии шаҳри Маскавро "як аҳруми фишори Русия" донист.
Дар баёния гуфта шудааст, ки "ҳаштуним сол зиндон танҳо як парвандаи сиёсӣ нест, балки як бахши стратегии васеътарест, ки ба даҳшатафканӣ ва хомӯш кардани муқовимати демократӣ равона шудааст ва бо ҳамоҳангии режимҳои Русия ва Тоҷикистон амалӣ мегардад."
Созмон сабаби таъқиби ҷиноиро суҳбатҳои Гадоев дар ҷараёни сафараш ба Украина донистааст, ки "ошкоро таҷовузи Русия алайҳи Украина ва қатли омми аҳолии осоиштаро маҳкум карда буд."
Дар идома дахолати Русия ба кори роҳбари як ҷунбиши сиёсӣ "ғайримантиқӣ ва дур аз меъёрҳои озодии баён" шумурда шудааст: "Мо ин амалро ҳамчун марҳилаи омодагӣ барои ҷисман аз байн бурдани роҳбари ҷунбиш арзёбӣ мекунем."
Ҷунбиш иддао кардааст, ки аз 7 то 11-уми июли имсол "ҳайати хадамоти махсуси Тоҷикистон дар шаҳри Маскав қарор дошт” ва “яке аз мавзуъҳои асосии музокира ҳамоҳангсозии амалиёти нобудсозии Шарофиддин Гадоев дар Аврупо будааст." Бо гузашти як рӯз аз нашри баёния шарҳи мақомоти Тоҷикистон ва Русия дастрас нест.
"Русия солҳои дароз пуштибони сиёсӣ ва амалии диктатураи Тоҷикистон буда, аз интиқоли технологияҳои саркӯбгар то иштирок дар рабудан, шиканҷа ва қатли мухолифони сиёсӣ дасти дароз дорад. Амалиёти муштараки ин ду режим боис ба гусехтагии комили ҷомеаи шаҳрвандӣ, табдили Тоҷикистон ба як давлати тоталитарӣ ва саркӯби ҳар гуна дигарандешӣ гардидааст,” – гуфта шудааст дар баёния.
Мақомоти интизомии Русия дар гузашта баъзе аз мухолифони ҳукумати Тоҷикистонро дастгир карда, барои муҳокима ба Душанбе фиристодаанд. Аз ҷумла, Шарофиддин Гадоев дар соли 2019 ҳангоми сафараш дар Русия боздошт ва ба гуфтаи худаш дар шароити мармуз ба Тоҷикистон фиристода шуд.
Дар давоми ду ҳафтаи талошҳои ҷомеаи байнулмилалӣ, аз ҷумла намояндагиҳои дипломатии Иттиҳоди Аврупову ҳукумати Ҳолланд, Гадоев озод шуд ва ба Аврупо баргашт.
Шарофиддин Гадоеви 40-сола, ки дар Тоҷикистон тиҷорат дошт, соли 2012 ҳамроҳи Умаралӣ Қувватов тарки кишвар карда, сипас "Гурӯҳи 24"-ро созмон доданд. Пас аз кушта шудани Қувватов дар соли 2015 ӯ аз ин гурӯҳ рафт. Ҳоло раҳбарии Ҷунбиши ислоҳот ва рушди Тоҷикистонро ба уҳда дорад ва муқими Ҳолланд аст.
Шумораи қурбониёни ҳамла ба Киев афзудааст

Теъдоди қурбониёни ҳамлаи Русия ба шаҳри Киев ба 28 кас расид.
Хадамоти ҳолатҳои фавқулодаи Украина эълом кард, ки се нафари онҳо аз се то ҳабдаҳсола ҳастанд.
Ҳамла шаби 30 ба 31-уми июл сурат гирифт.
Ба иттилои мақомоти Украина, 159 кас, аз ҷумла 16 кӯдак захмӣ шудаанд.
Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, ин рафтори Русияро "зишт" номид ва ваъда дод, ки алайҳи Маскав таҳримҳои нав ҷорӣ мекунад.
"Ман фикр мекунам, кори онҳо зишт аст," – гуфт Трамп рӯзи 31-уми июл ба хабарнигорон.
Нерӯҳои ҳавоии Украина гуфтанд, ки шаби гузашта 44 дрон ё паҳподи Русияро дар саросари ин кишвар сарнагун карданд.
Вазорати дифои Русия дар навбати худ хабар дод, ки 60 дрони украиниро бар фарози Белгород ва Ростову Краснодар аз байн бурдааст.
Раиси Кумитаи замин табодули заминро бо Қирғизистон шарҳ надод

Раиси Кумитаи давлатии замин дар Тоҷикистон, аз шарҳи табодули қитъаҳои замин бо Қирғизистон худдорӣ кард.
Ориф Хоҷазода рӯзи 1-уми август дар посух ба суоли Радиои Озодӣ гуфт, нишонагузории марз ҳанӯз ҷараён дорад ва то ин раванд тамом нашавад, ҷузъиётро ошкор нахоҳанд кард.
Ӯ дар мавриди он ки роҳи Исфара – Ворух дар ҳудуди кадом кишвар сохта мешавад, низ худдорӣ кард. Танҳо гуфт, “албатта, дар ҷойи нав сохта мешавад”.
Худдории раиси Кумитаи замин дар ҳолест, ки созишномаҳои марбутаи ду кишвар дар ҳама сатҳҳо тасвиб шудаанд ва ҷониби Қирғизистон ҷузъиёти манотиқи табодулшударо ҳанӯз дар рӯзҳои аввали тавофуқ шарҳ дода буд.
Шикоятҳо аз ҷамъоварии пул дар мактабҳо кам шудааст?

Оҷонсии назорат дар соҳаи маориф ва илми Тоҷикистон мегӯяд, дар 6 моҳи соли ҷорӣ танҳо як шикоят аз ҷамъоварии пул дар мактаб дарёфт кардаанд.
Муҳаммадтоир Саидзода, раиси Оҷонсӣ, рӯзи 31-уми июл ҳангоми нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, дар шаш моҳи гузашта вобаста ба ҷамъ кардани пули таъмир дар мактабҳо на аз ҷониби волидайн ва на аз ҷониби афроди дигар ба ин ниҳод мустақиман ягон шикоят ворид нашудааст.
Ба гуфтаи ӯ, танҳо як номаи шикоятӣ аз ноҳияи Айнӣ дарёфт кардаанд, ки як банди он ба ҷамъовариии пули таъмир дар мактабҳо будааст. Раиси ин Оҷонсӣ гуфт, гурӯҳи кории онҳо ба ин ноҳия рафта, шикояти мазкурро мавриди санҷиш қарор додааст, вале вуҷуд доштани ҷамъоварии пул барои таъмир тасдиқи худро наёфтааст.
Дар Тоҷикистон таҳсил дар мактаби миёна ҳатмӣ ва ройгон аст, вале талаб кардани маблағ дар мактабҳо ҳарфи тоза нест. Тақрибан ҳамасола бо оғоз ва анҷоми соли таҳсил ин мавзӯъ доғ мешавад. Ин маблағҳо аксаран бо баҳонаи таъмири мактабҳо аз хонандагон ҷамъоварӣ мешавад.
Ҳарчанд мақомоти маҳаллӣ борҳо ҷамъ кардани пули таъмири мактаб аз волидайнро манъ кардаанд, вале шикоятҳои сокинон аз ин кор ҳамчунон кам намешавад.
Содироти барқи Тоҷикистон ба Афғонистон кам мешавад

Масъулони ширкати "Брешно"-и Афғонистон гуфтаанд, ки Тоҷикистон дар зимистони оянда содироти барқро ба Афғонистон кам мекунад.
Абдулборӣ Умар, мудири масъули ширкат, дар ин бора дар мусоҳиба бо шабакаи Amu.tv хабар додааст. Вай сабабро дар мушкилоти дохилӣ дар таъминоти барқ гуфтааст.
"Мутобиқи маълумоти мавҷуда, дар ин зимистон мо 25 дарсад камтар аз соли гузашта барқ хоҳем гирифт”, -- гуфтааст Абдулборӣ Умар.
Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи ӯ, Тоҷикистон ҳар сол тақрибан 150 мегават барқ ба Афғонистон мерасонад.
Дар ҳамин ҳол, ба иттилои Вазорати энержӣ ва захираҳои оби Тоҷикистон, дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ Тоҷикистон ба Афғонистон 718 миллион киловат соат барқ ба арзиши 312 миллион сомонӣ (тақрибан 33 миллион доллар) содир кардааст. Ин тақрибан 64 дарсади ҳаҷми умумии содироти барқи Тоҷикистонро дар ин давра ташкил медиҳад.
Содироти барқ ба Афғонистон дар доираи созишномае амалӣ мешавад, ки соли 2008 байни ду кишвар баста шудааст. Муҳлати амали ин созишнома 20 сол аст.
Фавти ду муҳоҷири кории тоҷик дар тасодуфе дар Русия

Дар натиҷаи ба обанбор сарозер шудани сабукрави "Шевроле Ланос" дар шаҳри Смоленски Русия ду муҳоҷир аз Тоҷикистон ҷон бохтаанд.
Мақомот ҳувияти фавтидагонро нагуфтанд, аммо дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз онҳо Ибодулло ва Сомон ном бурда шуда, яке 28 ва дигаре 23-сола будаанд.
Сабабҳои рух додани тасодуф маълум нест.
Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Смоленск танҳо гуфтаанд, ки ронандаи 28-сола аз уҳдаи идораи сабукрав баромада натавониста, ба обанбор чаппа шудааст.
Русия макони кору зиндагии садҳо ҳазор тоҷикистонӣ аст. Солона садҳо нафари онҳо дар пайи беморӣ, садама ва ҳодисаҳои дигари нохуш ҷони худро аз даcт медиҳанд.
Ба ҳисоби миёна, соле то ҳазор тобути муҳоҷиронро аз Русия ба Тоҷикистон меоранд.
HRW аз Туркия хост, блогерони туркманро ба кишварашон нафиристад

Созмони Дидбони Ҳуқуқи Башар (Human Rights Watch) бо нашри изҳороте аз мақомоти Туркия хост, ду блогери мухолифи ҳукумати Туркманистон - Алишер Саҳатов ва Абдулло Орусовро ба Ашқобод истирдод накунанд.
Ин созмони ҳомии ҳуқуқ гуфт, блогерони мунаққиди ҳукумати Туркманистон аз 24 июл нопадид шудаанд. Ҳамон рӯз онҳоро аз Маркази ихроҷ аз Туркия озод карданд, вале баъди ин касе дар бораи онҳо хабаре надорад. «Ба ҷони Алишер Саҳатов ва Абдулло Орусов хатари ҷиддӣ таҳдид мекунад, - навиштааст рӯзи 31 июл Рейчел Денбер, муовини бахши Аврупо ва Осиёи Марказӣ дар созмони Human Rights Watch.
Ӯ афзудааст, ки ба блогерон хатари истирдоди махфӣ ба Туркманистон таҳдид мекунад ва мақомоти Туркия бояд нопадид шудани ин афродро билофосила таҳқиқ кунанд ва кафолат бидиҳанд, ки онҳоро ба Туркманистон истирдод намекунанд”.
Созмони Turkmen Helsinki Foundation, мақарраш дар Булғористон, гуфт, ки бори охир Саҳатов шоми 24 июл ба ҳамсараш Гулола Ҳасанова аз дохили маркази ихроҷ аз Туркия занг задааст. Рӯзи 28 июл Ҳасанова дар бораи нопадидшавии шавҳараш ба пулис шикоят кардааст. Ӯ гуфтааст, то рӯзи 28 июл на Саҳатов ва на Орусов сарҳади Туркияро убур накардаанд ва дар ҳеҷ як боздоштгоҳи расмӣ қарор надоранд.
Рӯзи 29 июл додситонии шаҳри Синоп таҳқиқи ҳодисаро ба роҳ мондааст. Ҳомиёни ҳуқуқ тахмин мекунанд, ки блогерон эҳтимолан дар ҷое аз ҷониби маъмурони Туркманистон ва ё бо супориши онҳо ғайриқонунӣ нигаҳдорӣ мешаванд.
Дар ҳамлаи Русия ба Киев 8 нафар кушта шудаанд

Мақомоти Украина мегӯянд, дар натиҷаи ҳамлаҳои артиши Русия ба Киев дар шаби гузашта камаш 8 нафар кушта шудаанд ва бешр аз 80 каси дигар захм бардоштаанд.
Тимур Ткаченко, сардои идораи низомии ҳукумати Киев гуфт, ки дар байни қурбониён як писари 6-сола низ ҳаст. Дар ноҳияи Святошинский даромадгоҳи бинои нӯҳқабата вайрон шудааст ва субҳи панҷшанбе наҷотбахшон аз зери овор як нафарро зинда берун овардаанд. Дар се ноҳияи дигар ҳам хонаҳо осеб дидаанд.
Виталий Кличко, раиси шаҳри Киев гуфт, нерӯҳои Русия бо паҳпод ва мушакҳо ба пойтахти кишвар ҳамла кардаанд. Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина дар Телеграм бо нашри як видеое гуфт, “Мушак дар Киев рост ба бинои истиқоматӣ задааст. Одамон зери овор мондаанд. Ҳамаи ниҳодҳо дар ҷойи маҳал ҳастанд. Русҳои террорист.” Мақомоти Русия ҳамлаҳо ба Киевро ҳанӯз шарҳ надодаанд.
Сироҷиддин Мӯҳриддин бо муовини вазири хориҷии Амрико гуфтугу кардааст

Чанд соат баъд аз мулоқоти раҳбарони Тоҷикистон бо як дипломати баландпояи Эрон дар Душанбе, Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷӣ бо Кристофер Ландау, муовини вазири умури Амрико телефонӣ гуфтугӯ кардааст.
Вазорати корҳои хориҷӣ бо нашри як баёнияи расмӣ гуфт, ки сӯҳбат рӯзи 30-уми июл бо “ташаббуси ҷонибӣ амрикоӣ” сурат гирифт ва “ҳамсуҳбатон сатҳи кунунии муносибатҳои дуҷониба, ба вежа ҳамкориҳои иқтисодӣ, масоили мубрами минтақавӣ ва бисёрҷониба, аз ҷумла ҳамкориҳо дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалиро мавриди баррасӣ қарор доданд.”
Ҷузъиёти дигаре аз гуфтугуҳоро нашр накардаанд, аммо чанд соат пештар аз ин Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ва Сироҷиддини Муҳриддин бо Аббос Ароқчӣ, вазири умури хориҷии Эрон дар Душанбе дидору гуфтугӯ карданд. Бино ба иттилои расмӣ дар мулоқотҳо, ҳамкориҳои дуҷонибаи тиҷоративу иқтисодӣ ва таҳаввулоти байналмилалӣ ва минтақавӣ баррасӣ шудаанд.
Тоҷикистон моҳи июн ҳамлаҳои Исроил ва Амрико ба таъсисоти атомии Эронро маҳкум карда ва аз ҷумла гуфта буд, ки “шиддат гирифтани муноқиша метавонад боиси табдил ёфтани низои кунунӣ ба ҷанги давомдор бо пайомадҳои хатарнок барои кулли минтақа ва ҷаҳон гардад.”