Раҷаб Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд, 30 июл зимни нишасти хабарӣ гуфт, ҳоло симхоркашӣ аз ду ҷониб идома дорад ва сокинони наздимарзӣ барои беҳтар шудани вазъи зиндагӣ ва дидор бо пайвандонашон, хостори наздиктар кардани фосилаи гузаргоҳҳо ҳастанд.
Ба гуфтаи Раҷаб Аҳмадзода, бо вуҷуди чаҳор сол баста будани марзи Тоҷикистону Қирғизистон, дар тӯли чор моҳи охир равуои сокинони наздимарзӣ ба минтақаҳои ҳамдигар зиёд шудааст. Ӯ дар нишасти хабариаш гуфт, ки дигар баҳсе дар марз боқӣ намонда ва мардум бештар дар ҷустуҷӯи муносибати беҳтар ҳастанд.
Пештар низ сокинони деҳаҳои наздисарҳадӣ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ хоҳони содда кардани низоми рафтуомад ва бунёди гузаргоҳҳои бештари марзӣ шуда буданд.
"Ин масъала ба салоҳияти комиссия оиди демаркатсия вогузор шудааст ва ман боварии комил дорам, ки инҳо оиди чихел дар оянда ба истифода додани он ҳам як хулосаи дақиқ мебароранд ",-афзуд Раҷаб Аҳмадзода.
Бинобар наздик будани деҳаҳои наздимарзӣ, вобастагии мардуми ду ҷониб аз ҳамдигар зиёд аст ва дур будани роҳи кунунӣ, ҳатто ба бозор ва кори тоҷирон таъсири манфӣ расонидааст. Аксар сокинони наздимарзӣ барои дидор бо дӯстону наздиконашон ба ҷойи роҳи кӯтоҳи садметра, бояд даҳҳо километр роҳро тай кунанд.
Анора Раҳмонова, сокини қирғизтабори шаҳри Конибодом мегӯяд, фарзанду набераҳояш дар вилояти Ботканди Қирғизистон зиндагӣ мекунанд ва барои расидан ба назди онҳо, ба ҷойи роҳи 20-дақиқаӣ, бояд 5-6 соат роҳро тай кунад.
"Тавассути гузаргоҳи Қайрағоч дар ноҳияи Ҷаббор Расулов мегузарем. Ман баъди кушодани марзҳо нарафтаам. Шиносномаи хориҷиро нав гирифтам, корамон шуд, ҳамроҳи ҳамкоронам меравам",-мегӯяд ин сокини Конибодом.
Айни ҳол танҳо дар шаҳри Исфара ва ноҳияи Ҷаббор Расулов гузаргоҳҳои марзӣ боз ҳастанд.
Дар ҳолати гузаштан аз роҳи ғайримуқаррарӣ, шаҳрвандон ҷарима мешаванд ва ё ҷазои сахттар мегиранд. Ба гуфтаи сокинон, пеш аз баста будани марзҳо, онҳо аз ҳар гӯшаи байнисарҳадӣ бемонеа равуо мекарданд. Ҳоло масъулон мегӯянд, барои бехатарии сокинон, ин ҳолатҳоро пешгирӣ мекунанд.
Раҷаб Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд ҳам мегӯяд, ки "дар доираи қонунҳои байналмилалӣ, ҳар як давлат бояд имрӯз сарҳадашро симхорпӯш кунад. Барои бехатарӣ ва амнияти давлат, ҳоло ҳамин корҳо баробар рафта истодааст, ки боиси хурсандӣ ва амнияти мардум аст".
Неъматулло Мирсаидов, коршиноси масоили марзӣ қаблан гуфта буд, ки бо ин вуҷуд, роҳҳои наздик кардани шаҳрвандони наздимарзии ду минтақаро бояд сарони давлатҳо чораандешӣ кунанд, то дӯстӣ дар минтақа ривоҷ ёбад.
Неъматулло Мирсаидов гуфт: "Имрӯз зарур аст, ки кишварҳо ҳамин нозукиҳоро ба назар гиранд. Яъне, агар лозим шавад, минтақаҳои озоди иқтисодӣ созмон диҳанд. Ё худ гузаргоҳҳои иловагие дар назди маҳаллаҳои аҳолиниши бузург пайдо шавад, ки мардум азоб нашаканд. Мардум имконият пайдо кунанд, ки пайвандони худашонро ба осонӣ рафта хабар гиранд. Барои ҳамин чунин зарурият пайдо шудааст".
Рӯзи 13-уми март имсол Тоҷикистон ва Қирғизистон пас аз баҳсҳои тӯлонӣ созиши марзиро имзо карданд. Марзи Тоҷикистону Қирғизистон ҳазор километр аст ва то моҳи март бисёре аз қитъаҳо баҳсӣ ба ҳисоб мерафтанд. Борҳо дар нуқтаҳои баҳсӣ ҷанҷол сар зада, боиси кушта ва захмӣ шудани даҳҳо низомӣ ва сокинони маҳаллии ду кишвар шуда буд. Мақомоти қирғизу тоҷик гуфтанд, ки имзои созишномаи марзӣ ба ин баҳсҳо хотима додааст.
Гуфтугӯ