Қурби сомонӣ, пули миллии Тоҷикистон, дар шаш моҳи аввали имсол дар баробари доллари Амрико 9,4 дарсад боло рафтааст. Фирдавс Толибзода, раиси Бонки миллӣ, рӯзи якуми август гуфт, бо таваҷҷуҳ ба ин вазъ, ҳоло сокинон долларҳои худро бештар иваз мекунанд.