Ба гуфтаи масъулини ноҳия, ҳоло таҳияи нақшаи комили маҳал дар ҳудуди 200 гектар идома дорад. Бунёди иншоотҳо дар ноҳияи Данғара аллакай авҷ гирифтааст.
Наврӯз Раҳмонов, сармеъмори ноҳияи Данғара мегӯяд, баррасии нақшаи комили тарҳрезии маҳал дар масоҳати 200 гектар аллакай аз ҷониби Пажуҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотӣ дар арафаи анҷомёбӣ қарор дорад ва он баъди тасдиқ, амалӣ мешавад.
Ба гуфтаи раиси ин ноҳия Сиҷоуддин Саломзода, тибқи нақша, дар маркази Данғара бояд даҳ мактаб сохта шавад. Инчунин, биноҳои ниҳодҳои ноҳиявӣ низ дар ҳамин минтақа бунёд мешаванд.
Қисме аз ин сохтмонҳо дар паҳлӯи Донишгоҳи тиббӣ ҷойгиранд. Бунёди қисме аз идораҳои давлатӣ низ дар арафаи анҷомёбист, аз ҷумла, раёсатҳои молия, андоз ва маориф.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Кай Данғара мақоми барояш муносиби маркази вилоят ва ё ҳадди ақалл шаҳрро касб мекунад?
Чанд сол пеш, мавзӯи табдил ёфтани Данғара ба маркази вилоят матраҳ шуда буд. Он замон мақомот гуфтанд, ки нақшаи генералии он дар баррасии ҳукумати Тоҷикистон қарор дорад. Акнун ин нақша тасдиқ шудааст ва бояд марҳилаи бозсозӣ оғоз ёбад.
Аммо Сиҷоуддин Саломзода, раиси ноҳияи Данғара гуфт, ки дар бораи ба шаҳр ва ё марказӣ вилоят табдил ёфтани Данғара чизе намедонад. "Яке масъалаи телевизион ва яке кай шаҳр мешавад, ман ягон ягон чиз гуфта наметавонам",-афзуд раиси ноҳияи Данғара
Дар Данғара Беморхонаи ҷумҳуриявӣ, Бемористони вилоятии касалиҳои сироятӣ ва Донишгоҳи давлатии Хатлон ҷойгиранд. Донишгоҳи тиббии Хатлон низ дар ҳудуди ин ноҳия фаъолият мекунад.
Ҳамаи ин муассисаҳо аз соли 2010 ба ин тараф бунёд ва ба истифода дода шудаанд.
Соли гузашта, дар сафари кории президент Эмомалӣ Раҳмон ба зодгоҳаш Данғара, санги асоси Театри ҷумҳуриявӣ гузошта шуд.
Инчунин, Данғара дорои Минтақаи озоди иқтисодӣ мебошад, ки чандин корхонаро фаро мегирад.
Ҳоло дар ноҳияи Данғара беш аз 180 ҳазор аҳолӣ зиндагӣ мекунад.