Муборизаи 8 даста барои Ҷоми Тоҷикистон-2025

Натиҷаҳои бозиҳои марҳилаи ҳаштякниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2025, ки рӯзҳои 29-31-юми июл ва 1-уми август баргузор шуданд, ҳамаи дастаҳои иштироккунандаи даври чаҳорякниҳоии мусобиқотро муайян карданд.

Барандаи феълии Ҷоми Тоҷикистон – “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода - дар марҳилаи 1/8-ниҳоӣ 29-уми июл дар майдони худ тими «Барқчӣ»-и Ҳисорро бо ҳисоби 3:0 шикаст дод.

Дар бозии дигари ин марҳила 29-уми июл «Ҳулбук»-и Восеъ дар варзишгоҳи «Фурудгоҳ»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров тими «Парвоз»-и Фурудгоҳи Хуҷандро бо ҳисоби 1:0 мағлуб кард.

Бозии ҳаштякниҳоӣ миёни ду дастаи лигаи якум - «Саройкамар»-и Панҷ ва «Ваҳдат»-и шаҳри Ваҳдат, ки 29-уми июл дар Варзишгоҳи марказии ноҳияи Панҷ доир гардид, бо пирӯзии мизбонон бо ҳисоби 1:0 ба поён расид.

Ду бозии дигари даври ҳаштякниҳоӣ рӯзи 30-юми июл доир гардид.

«Равшан»-и Кӯлоб дар майдони худ дастаи лигаи якум - «Сардор»-и шаҳри Турсунзодаро бо ҳисоби 4:1 шикаст дод.

«Эсхата”-и Хуҷанд дар варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»-и шаҳри Хуҷанд КМВА (Клуби марказии варзишии артиш)-и Душанберо бо ҳисоби 1:0 мағлуб кард.

Дар бозии шашуми ҳаштякниҳоӣ, ки шаби панҷшанбеи 31-уми июл дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Истаравшан доир гардид, дастаи мизбон – “Истаравшан” – тими “Ҳосилот”-и Фархорро бо ҳисоби 3:1 шикаст дод.

Ду бозии боқимондаи даври ҳаштякниҳоӣ 1-уми август баргузор шуд. «Вахш»-и Бохтар бар «Панҷшер»-и Ҷалолиддини Балхӣ бо ҳисоби 1:0 ғолиб омад.

«Хуҷанд»-и Хуҷанд дар майдони худ бозиро ба «Истиқлол»-и Душанбе) аз рӯи силсилазарбаҳои пеналти бо ҳисоби 5:6 бохт. Замони асосӣ ва изофа (ду қисми 15-дақиқаӣ) бо ҳисоби 1:1 хотима ёфт.

Ба ин тартиб, ҳашт даста - “Регар-ТадАЗ”, “Ҳулбук”, “Саройкамар”, “Равшан”, “Эсхата”, “Истаравшан”, “Вахш” ва “Истиқлол” - ба марҳилаи чаҳорякниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2025 роҳ ёфтанд.

Дар чаҳорякфинал “Регар-ТадАЗ” бо «Ҳулбук», “Саройкамар” бо “Равшан”, “Эсхата” бо “Истаравшан” ва “Вахш” бо “Истиқлол” бозӣ мекунанд.

Бозиҳои чаҳорякфиналии Ҷоми Тоҷикистон-2025 рӯзҳои 5-6-уми август баргузор мешаванд.

Мусобиқот барои Ҷоми Тоҷикистон бори 34-ум сурат гирифтааст. Ҷоми миллиро аз ҳама бештар - 10 бор - дастаи “Истиқлол”-и Душанбе ба даст овардааст.