Оҷонсии назорат дар соҳаи маориф ва илми Тоҷикистон мегӯяд, дар 6 моҳи соли ҷорӣ танҳо як шикоят аз ҷамъоварии пул дар мактаб дарёфт кардаанд.
Муҳаммадтоир Саидзода, раиси Оҷонсӣ, рӯзи 31-уми июл ҳангоми нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, дар шаш моҳи гузашта вобаста ба ҷамъ кардани пули таъмир дар мактабҳо на аз ҷониби волидайн ва на аз ҷониби афроди дигар ба ин ниҳод мустақиман ягон шикоят ворид нашудааст.
Ба гуфтаи ӯ, танҳо як номаи шикоятӣ аз ноҳияи Айнӣ дарёфт кардаанд, ки як банди он ба ҷамъовариии пули таъмир дар мактабҳо будааст. Раиси ин Оҷонсӣ гуфт, гурӯҳи кории онҳо ба ин ноҳия рафта, шикояти мазкурро мавриди санҷиш қарор додааст, вале вуҷуд доштани ҷамъоварии пул барои таъмир тасдиқи худро наёфтааст.
Дар Тоҷикистон таҳсил дар мактаби миёна ҳатмӣ ва ройгон аст, вале талаб кардани маблағ дар мактабҳо ҳарфи тоза нест. Тақрибан ҳамасола бо оғоз ва анҷоми соли таҳсил ин мавзӯъ доғ мешавад. Ин маблағҳо аксаран бо баҳонаи таъмири мактабҳо аз хонандагон ҷамъоварӣ мешавад.
Ҳарчанд мақомоти маҳаллӣ борҳо ҷамъ кардани пули таъмири мактаб аз волидайнро манъ кардаанд, вале шикоятҳои сокинон аз ин кор ҳамчунон кам намешавад.